Лого
 
Шаблоны Joomla здесь

Муҳаббатов Абдусалом – (таваллуд 10.02.1941), файласуф, сиёсатшинос, номзади илмҳои фалсафа (1976), профессори кафедраи равандҳои сиёсии Тоҷикистон (2012).
Соли 1967 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст.
Солҳои 1967 то 1981 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи комунизми илмии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Солҳои 1981-1982 устоди донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва. Аз январи 1982 то январи соли 1991 дар вазифаҳои: лектор, мудири гурӯҳи лекторон, мушовири идеологии дастгоҳи Комитети марказии партияи коммунистии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 1991 -1997 проректори донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1997-2001 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2001-2004 аввалин декани факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон. Аз соли 2004-2006 намояндаи ректори ДМТ дар шаҳраки донишҷӯён. Солҳои 2006-2013 мудири кафедраи Равандҳои сиёсии Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ӯ муаллифи зиёда аз 100 номгӯй асару мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаҳои номзадӣ дифо кардаанд.
Барои кори пурсамар дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо ордени "Шараф", нишони "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин бо дигар ифтихорномаҳою медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шудааст.
Осор: Коммунизми илмӣ. Китоби таълимӣ (дар ҳамуаллифӣ) –Душанбе: «Ирфон», 1973.; Главные направление воспитательной работы среды студенческой молодёжи. Душанбе: Изд-во ТГУ, 1995; Книга помяти Республики Таджикистана (в соавторстве)- Душанбе, 1999; Сиёсатшиносӣ. Душанбе: «Шарқиозод», 2000; Асосҳои сиёсатшиносӣ. Душанбе: «Ирфон», 2006; Масъалаҳои актуалии раванди сиёсии Тоҷикистон (ҳаммуаллифӣ). Душанбе: ҶДММ «Бахт ЛТД», 2010; «Ҳизбҳои сиёсӣ: воқеият ва дурнамо». Душанбе: «Истеъдод», 2011.