Лого
 
Шаблоны Joomla здесь

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз (таваллуд 25.06.1958) – файласуф, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсӣ (1996), профессор (2003), профессори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафа, аълочии маъорифи Тоҷикистон (2006), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1984). Баъди хатми мактаби олӣ аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи давлатии ш.Мински Беллорусияро хатм намуда, баъди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар вазифаҳои мудири кафедра, сармутахассиси шӯъбаи илм, муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа, сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сардори шуъба, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ муаллифи зиёда аз 150 номгӯй асару мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 5 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 8-монография, 4-дастурҳои илмӣ-методӣ буда, таҳти роҳбарии профессор Муҳаммад А.Н. 3-нафар рисолаҳои докторӣ, 18 -нафар рисолаҳои номзадӣ тайёр ва ҳимоя намудаанд.
Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ-тадқиқотии ИМА, Русия, Эрон ва Швейтсария нашр гардидаанд.
Муҳаммад Абдураҳмон аз соли 1999 то 2007 аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, аз моҳи марти соли 2008 Раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсии Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва аъзои Комиссияи экспертии Институти фалсафаи АИ ҶТ мебошад.
Муҳаммад Абдураҳмон устоди варзиш оид ба гӯштини “Самбо” ва “Гуштингирӣ”, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба «самбо» дар Фаронса ва Президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Соли 2011 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Ос.: Безопасность как феномен социальной системы. / Монография. Душанбе: Шарқи озод, 2007. 112 с. (в соавторстве). Национальные интересы Таджикистана / Монография. Душанбе: ООО «Авесто», 2009. 92 с. (в соавторстве).; Сиёсатшиносӣ, / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Душанбе: «Ирфон», 2010. 442 с.; Риторика ва баҳси сиёсӣ./ Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Душанбе: «Ирфон», 2011. 193 с.; Методикаи таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Душанбе: «Эр-граф», 2012. 223 с. ва ғ.

 

Мақолаҳои профессор Муҳаммад А.Н.

1 Об манфиати ҳаётан муҳим
2  
3  
4  
5  
6  
7  
8  
9  
10